Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Март 29, 2021 08:16

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Имрӯз дар Қасри миллат мулоқоту музокироти сатҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор мегарданд.

Ҳамчунин имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст.

Март 29, 2021 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид