Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи тиҷоратии «Наврӯз»-ро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Март 25, 2021 09:25

ДУШАНБЕ, 25.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи тиҷоратӣ дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Сохтмони иншоот, ки масоҳаташ ба 2 ҳазору 112 метри мураббаъ баробар аст, соли 2019 оғоз ёфта буд. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз тарафи сокинони ватандӯсти ноҳия оилаи Абдуллозодаҳо бунёд шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар бунёди ин маҷмаа асосан маҳсулоти ватанӣ истифода шудааст.

Дар ошёнаи 1-уми маҷмааи тиҷоратӣ асосан маҳсулоти хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Толори намоиш ва фурӯши сару либос ва маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар ошёнаи 2-юми бино ҷойгир аст.

Дар қабати сеюми иншоот корхонаи дӯзандагӣ бунёд ёфтааст. Корхонаи мазкур бо беш аз 200 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он беш аз 200 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аксари кормандони ин корхонаи дӯзандагӣ қаблан хонанишин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав, акнун занону ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Наврӯз корро дар шароити беҳтар ба роҳ хоҳанд монд. Дар ин ҷо ҳамчунин нафароне, ки соҳибкасб нестанд, ба курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ фаро гирифта шуда, баъдан бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро ҷиҳати ободии як гӯшаи диёр, шоистаи таҳсин хонданд.

Бино дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ҷойгир буда, дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи он гулҳои рангоранг ва дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Иншооти нав ба симои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки замони соҳибистиқлолии мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтааст, зебогии дигар зам кардааст.

Ифтитоҳи Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 25.03.2021

Март 25, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд