Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба Майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамроҳӣ намуд.
Бояд тазаккур дод, ки субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст.











Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






