Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу мулоқот намуданд

Март 29, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлуро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби  Осиё — Раванди  Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф ва тандурустӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин зимн, зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид гардид.

Ҷонибҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолиро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо арзёбӣ карданд.

Робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар арсаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода аз фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Табодули фарҳангӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои пандемия ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, табодули андеша карданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ҷонибҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчунин дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, муҳокима карда шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу 29.03.2021

Март 29, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд