Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. 4 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат оид ба бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории нави сироятии КОВИД-19 ба амаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши нерӯи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.
Бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои Созмон ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои ЭКО ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.
Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, саноат, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, ҳифзи муҳити зист ва дар бахши аграрӣ таҳлил намуда, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шумурданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Маркази энергияи тозаи ЭКО ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи “CASA-1000”, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯза Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ бояд дар ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои аъзо ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ, рафъи бекорӣ, камбизоатӣ ва дигар мушкилоти мушаххас дар паҳнои Созмон, ки дар давраи пандемия шиддати нав пайдо намудаанд, ташаббускор бошад. Изҳори умед карда шуд, ки фаъолияти лоиҳавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба рафъи мушкилоти номбаршуда ва мусоидати ҳамаҷониба ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои аъзо нигаронда хоҳад гардид.
Бо дарназардошти вазъияте, ки дар пасманзари пандемия ба вуқӯъ пайвастааст, Президенти мамлакат ҳамчунин таъсиси абзори ҳамкории минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, алахусус бо “КОВИД-19”-ро ба мақсад мувофиқ шумурданд.
Дар робита ба тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сайёҳӣ таъкид карда шуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст ва дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии “Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО” ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм баргузор карда мешавад.
Вобаста ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ба ҳайси мавзӯи рӯзмарра дар доираи Созмон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тасмими баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Ҳамоиши “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” изҳори андеша карда, аз кишварҳои иштирокдори нишасти имрӯза ҷиҳати ширкати фаъол дар кори он даъват ба амал оварданд.
Президенти мамлакат барои дастёбӣ ба ҳадафҳои Созмон, ки дар санади стратегии “Диди ЭКО-2025” инъикос ёфтаанд, омодагии Тоҷикистонро изҳор доштанд.
Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати сермаҳсули Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Саммити ЭКО-ро қайд карда, ба Ҷумҳурии Туркия дар фаъолияташ ба ҳайси раиси Саммити чордаҳуми Созмон барори кор орзу намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд






