Рӯзи модар дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар чорабинӣ доир шуд, ки дар он ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон иштирок намуданд.
Чорабиниро ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳамаи бонувон, модарон ва ҳамкоронро табрик кард. Ӯ иброз дошт, ки назар ба солҳои қаблӣ имрӯз ба зан-модар имкониятҳои беҳтар дода шудааст ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дастуру супоришҳо медиҳанд, ки ин аз ҳамон эҳтироми таърихии миллати тоҷик ба модарон сарчашма мегирад. Ҳоло, занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо фаъоланду саҳми худро мегузоранд, ки ин ҳам боиси ифтихор ва сутуданист.
Дар ин маҳфил ҳунармандони дастаи ҳунарии «Ҷилои ёқут»-и донишкада ҳунарнамоӣ намуда, бо суруду таронаҳо ва саҳнаҳои театрӣ табъи ҳозиринро шод гардониданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






