Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Вулуси ҷиргаи Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуд

Март 1, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 01.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Вулуси ҷиргаи Шўрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, зимни мулоқоти судманду самимӣ Раиси Парлумони касбии мамлакат иброз намуд, ки “фаъолияти пурсамари Шумо дар  ин мақоми олӣ ба рушди муносиботи дўстонаи мо такони ҷиддӣ хоҳад дод.  Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Афғонистон  ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлати мо ҳамеша дар суханрониҳояшон густариши ҳамкории Тоҷикистонро бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус Афғонистон, пайваста таъкид менамоянд. Натиҷаи мулоқот ва музокироти сатҳи олии ду кишвари дўсту бародар омили асосии тавсеаи ҳамкории дуҷониба мебошад”.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар заминаи гуфтушунидҳо пайваста ба раванди пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон ва таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Бояд иброз намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Албатта, ташрифи Раиси Вулуси ҷиргаи Шўрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Роҷеъ ба фаъолияти комиссияи муштараки ду кишвар ибрози андеша намуда, Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мулоқоти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муҳим мебозанд.

Байни Тоҷикистон ва Афғонистон асоси қарордодиву ҳуқуқӣ сол ба сол тақвият меёбад ва то ба имрӯз беш аз 90 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд.

Соли 2020 мубодилаи мол байни ду кишвар зиёда 70 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бештар аз 68 млн. доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд, ки асосан аз интиқоли барқ, семент, маҳсулоти сохтмон, нуриҳои минералӣ, маводи ғизоӣ, меваҷот ва сабзавот иборат мебошанд.

“Кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Ин моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фарохро рушду густариш бахшем. Ин иқдом имкон медиҳад, ки нақши геополитикӣ ва транзитию иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон ҷиддан боло бардошта шавад.     Афғонистон ва Тоҷикистон дар қалби қитъаи Осиё ҷой гирифта, пайвандгари минтақаҳои бузурги дунё маҳсуб мешаванд. Ин амр тақозо менамояд, ки мо роҳу пулҳо ва нақбҳо созем. Дар чунин шароит Шоҳпули амалкунандаи “Дўстӣ” кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб бахшид”, — тазаккур дод М. Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурўҳҳои дўстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳал қарор медиҳад.

Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси ҷиргаи Шўрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил карда шуд. Ҷонибҳо бар онанд, ки ҷиҳати рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ гурўҳи дўстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парлумонҳои ду давлати дўсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъмин менамояд.

Раиси Вулуси Ҷиргаи Шўрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ҷоӣгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «- мо аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр хушнуд ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд».

Дар фарҷом изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбад.

Март 1, 2021 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Пагоҳ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон як зумра лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад