Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд

Март 15, 2021 16:48

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шуморо ба муносибати оғози расмии фаъолияти дипломатиатон  дар Тоҷикистон самимона табрик мегӯям, ба Шумо барору комёбӣ ва фаъолияти пурсамар дар самти рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса орзу менамоям. Итминон медиҳам, ки ҳама иқдомҳо ва ташаббусҳои созандаи Шумо аз ҷониби Парлумон дастгирӣ меёбанд. Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз зимни мулоқот бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран  баён намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз дошт, ки хусусияти мутақобилан судманди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ шарти муҳими ба вуҷуд овардани робитаҳои мустаҳками байнидавлатӣ мебошад.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО дар моҳи октябри соли 2005 ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ такони иловагӣ бахшид. Дар доираи сафар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид.  Ҳамзамон  саҳми диаспораи тоҷикон дар Фаронса дар таблиғи арзишҳои фарҳангу санъати қадимаи онҳо, анъана ва урфу одатҳо ва дар маҷмӯъ дар баланд бардоштани обрӯи тоҷикони бурунмарзӣ низ назаррас аст.

Раиси парлумони касбии мамлакат таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Фаронса бояд барои эҷод ва ташкили механизми самарабахши ҳамкорӣ дар шакли Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ саъйҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд. Дар баробари ин, бояд форумҳои тиҷоратӣ, мизи мудаввар, намоишгоҳҳо ва презентатсияҳо гузаронида шаванд. Ин метавонад ба фаъол гардидани самтҳои афзалиятнок ва умедбахши ҳамкориҳои байни кишварҳо мусоидат намояд.

Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, ва ғайра ташкил медиҳад.

Умедворем, ки бо иштироки фаъоли Шумо ин муносибатҳо ба нафъи халқҳои кишварҳоямон босуръат рушд хоҳанд кард,-гуфт дар анҷоми мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Фаронса тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидаанд.

Март 15, 2021 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд