Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Туркия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иброз намуд, ки баргузории нишасти вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкории дуҷониба муҳим аст.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ба ҳам пайвастани вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари узви ин раванд дар ин нишаст ба ҳалли мушкилоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҳамчун муҳаррик нақши муҳим бозида, муносибати давлатҳои манфиатдорро ба сатҳи сифатан нав роҳандозӣ менамояд.
Зикр шуд, ки Парлумони Тоҷикистон доимо дар талош аст, ки ҷиҳати густариши бештари ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад.
Дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия аз соли 1998 гурӯҳҳои дустӣ таъсис ёфта, ҳамкории онҳо аз соли 2000-ум ин ҷониб фаъол гардидааст ва дар ин замина ҳамасола суҳбату мулоқотҳои судманд баргузор мегарданд.
«Мо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Туркия қаноатманд ҳастем. Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад», — илова намуд М. Зокирзода.
То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Туркия зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Ҳоло дар баррасии ҷонибҳо пешнависи 24 санади дигар низ қарор дорад.
«Воқеан мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ ба маротиб тақвият бахшем. Ҷониби Тоҷикистон доимо дар талош аст, ки ҳамкориро бо Ҷумҳурии Туркия дар сатҳи шарики стратегӣ таҳким бахшад»,-таъкид намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу ин мулоқотро барои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо муҳим арзёбӣ кард.
«Ҷумҳурии Туркия ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкории иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалияти аввалиндараҷа медонем»,-изҳор дошт Мавлуд Човушоғлу.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






