Россия аз 1 апрел парвозҳоро бо Тоҷикистон барқарор мекунад
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия парвозҳоро бо шаш кишвар барқарор мекунад. Қарори барқарор кардани парвозҳоро сарвазири кишвар Михаил Мишустин тасдиқ кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз воридсозӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нав дар қаламрави Федератсияи Россия.
Ҳамин тавр, аз 1 апрел Россия иртиботи ҳавоиро бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланка барқарор мекунад.
Парвозҳо ба Тоҷикистон ҳафтае як маротиба сурат хоҳанд гирифт. Ҳавопаймоҳо аз Москва ба Душанбе парвоз мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Россия дар заминаи пандемияи коронавирус охири моҳи марти соли 2020 иртиботи ҳавоиро ҷиҳати интиқоли байналмилалии мусофирон, ба истиснои парвозҳо ҷиҳати интиқоли шаҳрвандони худ, почта, беморон ва баъзе парвозҳои дигар қатъ карда буд.
Иртиботи ҳавоӣ мутобиқи реҷаи зерин барқарор мешавад:
- бо Венесуэла — Москва—Каракас ҳафтае ду маротиба;
- бо Сурия — Москва—Димишқ ҳафтае як маротиба;
- бо Тоҷикистон — Москва—Душанбе ҳафтае як маротиба;
- бо Ӯзбекистон — Москва—Тошканд ҳафтае як маротиба;
- бо Шри-Ланка — Москва—Коломбо ҳафтае як маротиба;
- бо Германия — Франкфурт-дар-Майн—Москва—Франкфурт-дар-Майн ҳафтае панҷ маротиба, Франкфурт-дар-Майн—Санкт-Петербург—Франкфурт-дар-Майн ҳафтае се маротиба, Москва—Берлин—Москва ҳафтае панҷ маротиба ва Москва—Франкфурт-дар-Майн—Москва ҳафтае се маротиба.
Илова бар ин, аз 1 апрел парвозҳо ба кишварҳои хориҷӣ аз фурудгоҳҳои байналмилалии Барнаул, Белгород, Волгоград, Воронеж, Калуга, Краснодар, Липетск, Налчик, Оренбург, Саратов, Сочи, Тюмен ва Южно-Сахалинск барқарор карда мешаванд.
Инчунин дар мавриди зиёд намудани шумораи парвозҳои мунтазам ба Куба (ҳафтае то 7 парвоз дар масири Москва-Варадеро), бо Беларус (ҳафтае як парвоз дар масири Калининград-Минск ва ҳафтае як парвоз дар асоси мутақобила аз фурудгоҳҳои байналмилалии Россия, ба истиснои Москва ва Санкт-Петербург), инчунин бо Арманистон, Озарбойҷон, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб ҳафтае яктогӣ парвоз дар асоси мутақобила аз фурудгоҳҳои байналмилалии Россия, ба истиснои Москва ва Санкт-Петербург тасмим гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми расидан ба ФР, шаҳрвандони Россия бояд давоми 72 соат аз ташхис ҷиҳати ошкор намудани коронавирус гузаранд. Хориҷиёне, ки ба Россия меоянд, бояд натиҷаи озмоиши тестии манфиро, ки 72 соат пеш аз сафар гузаронида шуда бошад, бо худ дошта бошанд.
Фурӯши чиптаҳои саёҳатӣ ба хориҷа ҳанӯз нисбат ба давраи то пеш аз буҳрон 1,5 маротиба камтар аст, аммо дар самтҳои дастрас, масалан, ба Туркия ва Миср аз нишондиҳандаҳои ду соли пеш зиёдтар аст. Оғози мавҷи сеюми бозгардонии пули нақд барои сайёҳии дохилӣ боиси афзоиши якбораи хароҷоти русҳо барои сафарҳои муташаккилона дар Россия гардид.
АКС аз агентии «Москва»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






