Саҳни Майдони «Истиқлол» бо сангҳои хорои «Чилтан» оро дода мешавад

Март 15, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сангҳои хорои корхонаи «Чилтан»-и шаҳри Ҳисор дар сохтмони иншооти бузурги бунёдшавандаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Майдони «Истиқлол», хусусан барои қисмати асосии даромад ва рӯйпӯш намудани саҳни он истифода мегарданд. Маҳсулоти корхонаи «Чилтан» дар бисёре аз роҳраву хиёбонҳо ва иншооти шаҳри Душанбе истифода гардидааст. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи саноатии «Чилтан» ҷиҳати татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии мамлакат, таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи захираи табиӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ зери тамғаи «made in Tajikistan» бо дарназардошти содироти минбаъдаи он мусоидат менамояд.   

Корхонаи «Чилтан» дар ҳудуди шаҳри Ҳисор бунёд гардида, дар самти истихроҷ ва коркарди санги хоро фаъолият мекунад.

«Бартарияти корхонаи «Чилтан» дар он аст, ки дар наздикии кони санг қарор дошта, истихроҷ ва таҳвили он бо дарназардошти сарфаи вақт ташкил ёфтааст»,- мегӯяд роҳбари  корхонаи  «Чилтан» Ориф Ормонов.

Коргоҳҳои коркарди санги корхона дорои беш аз 30 техникаи истеҳсолӣ буда, иқтидори шабонарӯзии он зиёда аз 100 метри мураббаъ маҳсулоти тайёр аз санги хороро ташкил медиҳад. Корхона   дорои кони истихроҷи сангҳои хоро буда, коркарди онро бо назардошти хусусиятҳои табиӣ, таркибӣ ва намуди зоҳирӣ ба роҳ мондааст. Ҳар як намунаи маҳсулоти пешниҳодшаванда бо он бартарӣ дорад, ки ашёро қабл аз коркард тавассути дастгоҳҳои махсус барои муайян кардани сифат ва надоштани нуқсонҳо аз санҷиш мегузаронанд. Техникаҳои замонавии васлу насбгардида истеҳсоли Чин буда, дар айни замон муосиртарин техника дар самти истихроҷ ва коркарди санг маҳсуб меёбанд.

Дар корхонаи «Чилтан» 40 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора беш аз 90 фоиз сокинони маҳаллии назди кони санг мебошанд. Барои кормандони корхона шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бехатарии корҳо дар кон ва коргоҳ, инчунин таъмини онҳо бо хӯроки гарм, либоси махсуси корӣ, таҷҳизоти ҳифозаткунанда ва дигар шароит таъмин карда шудааст.

«Чилтан» ном гирифтани корхонаи коркарди санги хоро ба он далолат мекунад, ки корхона дар яке аз деҳаҳои зебоманзари шаҳри Ҳисор- деҳаи Хоҷачилдиёр, ки мавзеи таърихию фарҳангӣ маҳсуб мешавад, воқеъ аст. Маънои «Чилтан» 40 нафар аст.

Март 15, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад