«Китоб барои дӯст». Мактаббачагони вилояти Свердловск ба ҳамсолони тоҷикистониашон китоб тақдим мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бахши минтақавии свердловии Ҷунбиши мактаббачагони Россия (RDS) дар доираи лоиҳаи русӣ-тоҷикии «Китоб барои дӯст» аз ҷониби мактаббачагони шаҳрҳои минтақаи Урали Миёна барои ҳамсолони худ дар Тоҷикистон зиёда аз даҳ ҳазор китобҳо бо забони русӣ аз китобхонаҳои хусусӣ ҷамъоварӣ карда шуданд. Дар ин амал аз 42 шаҳри минтақаи номбурда кӯдакон иштирок намуданд. Ба ҳар китоб мактуб-паём барои хонандаи хурдсоли тоҷик бо нақли кӯтоҳе дар бораи зодгоҳи ҳадякунанда замима гардидааст. Бачаҳои уралӣ итминон доранд, ки ин қадам ба онҳо имкон медиҳад, то дар Тоҷикистон дӯстони зиёде пайдо кунанд.
Тавре Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода иброз дошт, «ин лоиҳа ба сӯйи оянда нигаронида шуда, дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз сурат гирифтанаш фоли нек аст. Ин иқдоми хеле самимист. Кӯдакон дар ин маврид ҳамчун дипломатҳои хурдсол баромад намуданд ва ин кори наҷибона пайомади хубе хоҳад дошт».
Ба гуфти фаъолони RDS, нияти ҷамъоварии китобҳои ҳадявӣ баъди дар Тоҷикистон татбиқ шудани лоиҳаи башардӯстонаи таълимӣ оид ба забони русӣ бо иштироки омӯзгорони россиягӣ пайдо шуд. Ин иқдом дар вилояти Свердловск аз 1 марти соли равон оғоз ёфта, тайи як моҳ идома меёбад.
Ташкилоти умумироссиягии ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонони Ҷунбиши умумироссиягии мактаббачагон бо фармони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин соли 2015 таъсис дода шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон бар асоси низоми арзишҳои хосси ҷомеаи муосири Россия мебошад. Дар айни замон RDS дар сафҳои худ беш аз 500 000 кӯдакон ва 19 000 муассисаҳои таълимии 85 субъекти Федератсияи Россияро муттаҳид мекунад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»










Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»






