Сафири Тоҷикистон дар Берлин бо намояндагони Германия ва Афғонистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 март мулоқоти маҷозии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин Соҳибназар Ғайратшо бо Намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба Афғонистон ва Покистон Маркус Потсел ва Сафири Афғонистон Ямо Ёрӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат роҷеъ ба татбиқи раванди сулҳ дар Афғонистон ва аҳамияти он барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар партави омодагӣ ба Конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул», ки 29-30 марти соли 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






