Саидалӣ Гулов: Сармои рӯзҳои 13 ва 14 март ба гулҳои дарахтони мевадиҳанда таъсири зиёд намерасонад
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13-14 март дар ноҳияҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон бориши пуршиддат пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳои водигӣ-доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ 14 март борон ба барф мубаддал мегардад. Бо сабаби якбора паст шудани ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водигӣ-доманакӯҳи ҷумҳурӣ эҳтимоли зиён дидан ва қисман нобудшавии зироати кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ, муғҷа ва гулҳои дарахтони мевадиҳанда пешгӯӣ шуда, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои зимистона мушкилӣ пеш меорад.
Вобаста ба таъсири сармои пешгӯишуда хабарнигори АМИТ «Ховар» бо узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов ҳамсуҳбат гардид.
Мавсуф иброз намуд, ки «паст шудани ҳарорати ҳаво 13 ва 14 март ба зироати кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ, муғҷа ва гулҳои дарахтони мевадиҳанда таъсири зиёд намерасонад. Зеро ин сармо як шабонарӯзро дар бар мегирад. Кишоварзон ва махсусан боғпарварон дар ин як шабонарӯз бояд аз тавсияи олимони кишоварзӣ, яъне дудмонӣ истифода намоянд. Инчунин барои эмин нигоҳ доштани зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, бояд ба болои онҳо пору ва коҳ пошанд».
Ҳамсуҳбати мо зикр дошт, ки сармои ҳафтаи охири моҳи феврал ба баъзе боғҳои ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон каме ҳам бошад, зиён расонид. «Як нуктаро бояд гӯям, ки дарахтони мевадиҳанда вақте гул мекунанд, дар навдаи онҳо муғҷаи захиравӣ низ мавҷуд аст. Баъд аз сипарӣ гардидани сармо он бо таъсири ҳавои муътадил инкишоф меёбад. Дудмонӣ хосияти бартараф кардани ҳарорати паст ва аз сармо нигоҳ доштани дарахтонро дорад. Инчунин дар сурати барфи зиёд боридан боғпарвар бояд навдаҳои дарахтонро аз барф тоза намояд, то аз шикастан эмин гарданд»,-шарҳ дод Саидалӣ Гулов.
Бояд гуфт, ки баъди сардиҳои охири моҳи феврал дар вилояти Суғд гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимиёвӣ ва дудмонӣ фавран ба роҳ монда шуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои фаврӣ баҳри пешгирӣ аз хисорот супоришҳо дода, таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз бояд кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон барои пешгирии таъсири сардӣ дар боғот ва эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ андешанд.









Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






