«Сардабири сол», «Журналисти сол», «Телевизиони сол» ва «Коршиноси сол» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз қариб сад нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ва табъу нашри Тоҷикистон бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Мукофоту ифтихорнома ва дигар ҷоизаҳоро имрӯз дар маросими ботантанае, ки дар Душанбе доир гардид, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода супориданд.
Зимни назарсанҷие, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузаронида шудааст, сардабири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» Самариддин Асоев – «Сардабири сол», хабарнигори телевизиони «Тоҷикистон» Фатҳиддин Замон –«Журналисти сол», «Бонувони Тоҷикистон» — «Маҷаллаи сол», телевизиони «Варзиш» — «Телевизиони сол», радиои «Тоҷикистон»- «Радиои сол, нашрияи Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Инсон ва табиат» — «Нашрияи соҳавии сол», маҷаллаи Вазорати молия «Молия ва ҳисобдорӣ» — «маҷаллаи соҳавии сол», рӯзномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» — «Рӯзномаи сол» ва Роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши Амрико дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ «коршиноси сол» эълон гардида, бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Инчунин ҷоизаи нашрияи муваффақ, ки бори аввал аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба рӯзномаи «Хатлон»-и вилояти Хатлон ва «Нигоҳи ҳақ»-и ноҳияи Мастчоҳ сазовор дониста шуд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






