Се ширкати нави сайёҳӣ — «Рангоранг тур», «Ориён Тур» ва «Чор кӯҳ» вориди бозори сайёҳӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон боз се ширкати нави сайёҳӣ – «Рангоранг тур», «Ориён Тур» ва «Чор кӯҳ» таъсис ёфта, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати сайёҳии «Сари Хосор тревел» тамдид гардид. Дар ин росто, бо қарори комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се ширкати навтаъсис иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд, ки самти фаъолияташон бештар воридотӣ мебошад.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида, ҷамъ ба 218 ширкати сайёҳӣ иҷозатнома дода шудааст. Аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 6 ширкат соли 2021 таъсис ёфтаанд. Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карда, барои рақобати солим бо омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон омодагии худро изҳор доштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат иброз доштанд, ки «имрӯз дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Дар заминаи имтиёзҳои дар ин самт пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд».








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд






