Сезин Синаноғлу: СММ барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкории фарогир ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкории фарогир роҳандозӣ менамояд. Чунин гуфтааст Роҳбари Дафтари СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу 3 март зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар мулоқоти мазкур дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва СММ матраҳ гардид.
Тоҷиддин Ҷӯразода изҳор дошт, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ гардида, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.
Тайи солҳои охир дар бахши сайёҳии Тоҷикистон ислоҳоти муҳим амалӣ гардида, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонуну қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа устувор гардид.
Намояндаи СММ ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои пешрафти соҳа дар минтақа яке аз тадбирҳои саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки СММ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкории фарогир роҳандозӣ менамояд.
Татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар маҳал тавассути барномаҳои ташаббусҳои сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки раванди рушд буда, ҷонибҳо барои амалисозии он бояд тадбирҳои муштараки муассир андешанд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






