Шариф Назарзода: Дар Душанбе ҷинояткорӣ миёни ҷавонон коҳиш ёфта, онҳо ба омӯзишу таълим бештар рӯ овардаанд
ДУШАНБЕ, 12.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи татбиқи якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти сиёсати ҷавонон сатҳи содиршавии ҷиноят миёни ҷавонон дар ҳудуди пойтахт коҳиш ёфта, ин қишри ояндасози миллату давлат ба омӯзишу таълим бештар рӯ овардаанд. Ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бевосита бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ташкил шудааст, ба иди миллии китобу китобхонӣ табдил ёфта, меҳри китобхонӣ ва илму донишро дар дили ҳазорон нафар зинда гардонидааст. Дар ин бора сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода зимни мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Тавре аз Раёсати ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқоти мазкур қариб 800 нафар ҳайати устодону донишҷӯён ширкат намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки муҳассилини Академия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаву оқилона ва омӯзишу идомаи мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саъю талош намуда, бо донишу малакаи худ дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Шариф Назарзода зимни мулоқот ва суҳбати озоду ошкоро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандории ҷавонон, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, маърифати дурусти истифодаи интернет, огоҳӣ пайдо намудан аз равандҳои хатарзои ҷаҳони муосир, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами ҳалталаби ҷомеа бо овардани далелу рақамҳои мушаххас сухан гуфт.
– Донишҷӯёни соҳибилму заковатманди даврони истиқлол бо неруи созанда ва иродаи қавӣ пайваста талош меварзанд, то бо ахлоқу дониш ва ақлу заковати худ муаррифи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд,- иброз дошт Шариф Назарзода.
Мавсуф зимни шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти мамлакат яке аз нуктаҳои муҳими онро иқтибос овард: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватан содиқона хизмат мекунанд».
Дар хатми мулоқот аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии пойтахт як гурӯҳ донишҷӯёне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб саҳм гузошта, бо мақомоти милитсия дар иртиботи пайвастаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин мавзӯъ силсилавохӯриҳо баргузор намуда истодааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»










ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд






