Шариф Назарзода донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба ватандӯстӣ ва донишомӯзӣ даъват намуд

Март 4, 2021 12:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳама самтҳо  нисбатан фаъол буда, бо ақлу заковат ва донишу маърифати худ фарқкунанда мебошанд. Ҷиҳати гум накардани ин дастоварди таълимӣ ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи донишгоҳ ва миллату давлати худ донишҷӯён, ки вазифаи асосии онҳо аз худ намудани илму дониш аст, бояд талоши пайваста дошта бошанд.

Ин нуктаро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода  зимни мулоқот бо  устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат талош намуда, ҷиҳати сайқал додани донишу маърифат ва ақлу заковат пайваста пайи донишомӯзиянд. Донишҷӯён ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат фаъолона ширкат варзида, бо мақомоти корҳои дохилӣ низ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ҳамкории зич ба роҳ мондаанд.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода  иброз дошт, ки «ҷавонони соҳибилму заковатманди даврони истиқлол чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат саф ба сафу ҷон ба каф баҳри пешравию шукуфоӣ ва сулҳу амонии Тоҷикистон бо неруи созанда ва иродаи қавӣ пайваста талош меварзанд. Аз гуфтору кирдор ва нигоҳи самимонаи донишҷӯён аён аст, ки бо завқу шавқи беандоза ва меҳру самимияти бепоён баҳри ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ талош варзида, бо ахлоқу дониш ва ақлу заковати худ дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд».

Шариф Назарзода зимни шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти мамлакат яке аз нуктаҳои муҳими суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварданд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Дар хотимаи мулоқот ба донишҷӯёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Март 4, 2021 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад