Ширкатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия менамоянд

Март 26, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 26.032021 /АМИТ  «Ховар»/. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки хатсайрҳои нави  сайёҳӣ таҳия намоянд. Чунин зикр шуд дар мулоқоти роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии ду кишвари ҳамҷавор, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе доир гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти сайёҳии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор намуда, бо дарназардошти паст шудани хавфи бемории сироятии COVID -19 барои қабул ва гусели шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сайёҳ ба кишварҳои ҳамдигар таклифҳои  судманд пешниҳод  намуданд. Хусусан таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ташкили мулоқоти ширкатҳои сайёҳии ҳарду давлат дар оянда ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, хабар  медиҳад манбаъ.

Март 26, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард