Сокинони Хуҷанд Наврӯзи хуҷастапайро дар «Боғшаҳри наврӯзӣ» бошукӯҳ таҷлил намуданд
ХУҶАНД, 20.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. 19 март сокинони маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳи хосса таҷлил намуданд.
Дар ин рӯз баҳри хушу хотирмон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи Аҷам аз субҳи барвақт сокинону меҳмонон дар мавзеи «Боғшаҳри наврӯзӣ» ҷамъ омаданд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хаймаю гӯшаҳои идонаи наврӯзии корхонаю муассисаҳо, ки идгоҳро зеб медоданд ва ҳамзамон аз гӯшаи бозии миллии кӯдакону барномаҳои фарҳангие, ки ҷониби наврасон нишон дода мешуданд, дидан намуда, ба маҳсули меҳнати эҷодкорон ва растаҳои ҳунарҳои мардумии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар ин рӯз ҳунарҳои миллии сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки замоне ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси вилоят кулли мардуми Хуҷанди бостониро бо ин танатанаи бошукӯҳи аҷдодӣ — Наврӯзи хуҷастапайи оламафрӯз муборакбод намуда, ба онҳо ободию сарсабзии диёр ва сарбаландиву шодкомӣ орзу намуд.
“Мояи ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст. Гузаштагони мо дар тӯли таърихи дароз, новобаста аз монеаҳои замон ба Наврӯз ҳамчун айёми бедоршавии табиат, оғози киштукор, баробарии шабу рӯз, ҷашни пайвандбахши миёни табиату инсон, хайру эҳсон, накӯкориву инсонпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ арҷ мегузоштанд ва ҷиҳати интишори суннату ойинҳои он талош меварзиданд”,-гуфт Раиси вилояти Суғд.
Соли равон Наврӯзи байналмилалӣ бо таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва ин падидаи фараҳбахш сокинони сарбаланди вилоятро водор менамояд, ки барои татбиқи иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат фаъолияти густурда ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани арзишҳои фарҳанги миллӣ талош варзанд.
Барномаи рангини фарҳангӣ анҷомбахши маъракаи идона гардид.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки шурӯъ аз оғози ҳафтаи равон дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ оғоз гардида, то охири моҳи равон идома меёбанд.
Сокинону бошандагони маҳаллаҳо барои таҷлили Наврӯз омодагии ҳамаҷониба дида, азм доранд ин иди аҷдодиро бо шукӯҳи хоссаю хотирмон таҷлил намоянд.











Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






