Sputnik: Дар Тоҷикистон болоравии босуръати истеҳсоли маҳсулоти саноатиро интизоранд

Март 18, 2021 12:24

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 52,7 млрд сомонӣ (тақрибан 4,6 млрд доллар) расонад. Ба ҳамин тартиб,  мақсад  доранд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар Тоҷикистон зиёда аз 21,8 млрд сомонӣ ё бештар аз 41,6% дар муқоиса бо соли 2020 афзоиш диҳанд, менависад агентии «Sputnik».

Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон, давоми соли равон  афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи 13,8% пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2022 афзоиши истеҳсолот то 14%, дар соли 2023 — 15,6% ба нақша гирифта шудааст.

Хабаргузории Россия зикр мекунад, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 30,8 млрд сомонӣ (беш аз 2,7 млрд доллар) маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст.

Масалан, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар охири соли гузашта ба ҳисоби миёна беш аз 3,2 ҳазор сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 286 долларро ташкил намуд.

То соли 2030 ҳиссаи саноат дар сохтори ММД ҷумҳурӣ бояд то 21% афзоиш ёбад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон асосан ба се соҳа — истихроҷи маъдан, барқ ​​ва хӯрокворӣ асос ёфтааст. Ғайр аз ин, саноати сабук, сохтмон ва мошинсозӣ низ саҳми назаррас доранд.

Пештар “Sputnik” хабар дода буд, ки аз соли 2010 инҷониб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз се маротиба афзуда, ҳиссаи саноат дар ММД ҷумҳурӣ 17 фоиз зиёд шуд ва ба 27,6 млрд сомонӣ (қариб 3 млрд доллар) расид.

Масалан, дар тӯли панҷ сол, дар давраи аз соли 2014 инҷониб 1068 корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ ва зиёда аз 34 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил карда шуданд.

Тибқи маълумоти охирин, беш аз нисфи маҳсулоти саноатӣ ба соҳаи  коркарди маҳсулот рост меояд. Афзоиши бештарро саноати маъдани кӯҳӣ нишон дод. Дар тӯли солҳои 2000-2019 ҳаҷми истеҳсолот дар ин соҳа 25 маротиба афзудааст.

Дар солҳои истиқлол Тоҷикистон воридоти ангиштро комилан қатъ кард. Ҷумҳурӣ ниёзҳои худро пурра таъмин мекунад ва содироти ин навъи сӯзишвориро ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Покистон оғоз кардааст.

Инчунин қобили зикр аст, ки дар давраи истиқлоли Тоҷикистон ҳиссаи корхонаҳои ғайридавлатӣ дар саноат аз 3 фоиз то 91 фоиз зиёд шудааст.

ДАР АКС: расо ду сол қабл, моҳи марти соли 2018 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин корхонаи орди ҷумҳуриро дар Бӯстон ифтитоҳ кард. Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Март 18, 2021 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
607 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид