Таҷлили ботантанаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ-иди бузурги тоҷикон баргузор гардид, ки дар он ҳама донишҷӯёну омӯзгорон бо ташкили газетаи деворӣ ва гузоштани мизи мудаввар бо 7 сину 7 шин дар саҳни донишкада ба ин рӯз омода шуда буданд.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва ҳозиринро ба рӯзи Наврӯзи байналмиллалӣ табрик намуданд. Ректори донишкада аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ҷаҳонӣ гардонидани Наврӯз сухан ронда, аз таърихи пайдоиши ин ҷашн ва ҳамчунин ёдоварди таърихии он маърӯза хонданд. Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуданд, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, ки дар ин саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст ва аксарияти кишвари Наврӯзро пас аз байналмиллалӣ эълон гардидани он ҷашн мегиранд, ки ин фахри мо тоҷикону тоҷикистониён ва сокинони ҳавзаи Наврӯз мебошад.
Пас аз суханронӣ ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба як қатор омӯзгорон ва кормандони фаъоли донишкада ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза тибқи одати маъмул бозиҳои наврӯзӣ гузаронида шуд, ки аз ҷониби ҳакамон ба ғолибони ин мусобиқаҳо тӯҳфаҳои раёсат супорида шуд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ сурудхонии ҳофизони машҳури шаҳри Бӯстон ва донишҷӯёни фаъоли гурӯҳи эҷодии “Ҷилои ёқут”-и донишкада ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинии идона ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ барои омодагӣ ва ташкили чорабинӣ ба ҳамагон изҳори сипосмандӣ намуда, бо хондани байтҳои машҳури назмӣ дар бораи баҳор ва Наврӯз аз эҷодиёти гузаштагон ҳамагонро ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ самимона табрик намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






