ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 март, панҷшанбе, 70-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 11, 2021 08:00

11 марти соли 1912  аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» нашр шуд.

***

6 сол пеш, 11 марти соли 2015 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Беларус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Венгрия, Бразилия, Бруней ва Того эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

11 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон – Рӯзи матбуот.

***

Дар Литва – Рӯзи барқарорсозии истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

 11 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе Форуми серӯзаи матбуоти форсизабонон ифтитоҳ гардид.

***

12 сол пеш аз ин,  11 марти соли 2009 дар пойтахти Германия намоиши сайёҳии ITB Berlin-2009 баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар он Раиси вақти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов роҳбарӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид.

***

11 марти соли 1993 Парлумони Гурҷистон қонунеро қабул намуд, ки ба ҳамаи истиқоматкунандагони мамлакат, новобаста аз донистани забони гурҷӣ шаҳрвандӣ дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2019 бино ба натиҷаҳои назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир кардаанд, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» агентии иттилоотии сол эълон карда шуд.

***

Соли 1702 аввалин шумораи рӯзномаи англисизабони «The Daily Courant» нашр шуд.

Март 11, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш