ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 март, ҷумъа, 71-умин рӯзи соли 2021 аст
12 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.
***
6 сол пеш, 12 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар пойтахти Қатар – Давҳа Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандагони тоҷик низ иштирок намуданд.
12 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии киберсензура.
***
Дар Замбия –Рӯзи ҷавонон.
***
Дар Канада – Рӯзи иттиҳод.
РӮЙДОДҲО:
12 марти соли 2012 дар шаҳри Москваи ФР дар мавзӯи «Диаспораҳои тоҷик дар Россия: афзалияти иқтисодию фарҳангӣ» ҷамъомад баргузор гардид.
***
12 марти соли 2013 дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дастаи «Регар – ТадАЗ» -и шаҳри Турсунзода дар вохӯрии дуюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо чемпиони даҳкаратаи Баҳрайн «Ал – Риффоъ» сабқат анҷом дод.
***
5 сол пеш, 12 марти соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ботантанаи кушодашавии Фестивали дурӯзаи фарҳанги Япония «Рӯзҳои Япония» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 давраи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Вахш», «Панҷшер» – «Ҳосилот», «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» баргузор гардид.
***
209 сол муқаддам, 12 марти соли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
12 марти соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.
***
12 марти соли 1999 Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шомил шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.