ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 март, душанбе, 74-умин рӯзи соли 2021 аст
15 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни сафари дурӯзаи Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон 11 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.
***
11 сол пеш, 15 марти соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат сафар карда, дар онҷо ба нақби мошингарди «Чормағзак» оғози расмӣ бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ба имзо расид.
15 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон.
***
Дар Беларус – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
15 марти соли 2016 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.
***
7 сол пеш, 15 марти солои 2014 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии 3-юми даври финали Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Хуҷанд» — «Панҷшер» ва «Энергетик» — «Истиқлол» баргузор гардид.
***
15 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1892 дар Англия клуби футболи «Ливерпул» таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1925 аввалин шумораи рӯзномаи «Иди тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») нашр шуд.