ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 март, сешанбе, 75-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 16, 2021 08:00

16 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истанбули Туркия дар  форуми панҷуми ҷаҳонии об суханронӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 16 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯзи оламафрӯз бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 Маҷлиси намояндагони Моҷлиси Олии ҶТ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон»- ро дар таҳрири нав қабул кард.

 16 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қазоқистон – Рӯзи гвардияи ҷумҳуриявӣ.

***

Рӯзи мотами миллии курдҳо.

 РӮЙДОДҲО:

16 марти соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ   лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро баррасӣ намуд.

***

16 марти соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Созишнома дар бораи маблағгузории иловагии лоиҳаи бақайдгирӣ ва сохтори кадрии замин барои рушди устувори хоҷагии қишлоқ, инчунин лоиҳа оид ба паст намудани талафоти энергетикиро ба имзо расониданд.

***

6 сол пеш, 16 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе масъалаи бароҳмонии корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ карда шуд.

***

16 марти соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ ва меъморӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1976 дар конфронси байналмилалии Ямайка созишнома дар бораи низоми нави асъори байналмилалӣ ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2010 дар Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳаёт» нашр шуд.

***

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои XXI роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии давлатҳои ИДМ ба анҷом расид.

Март 16, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш