ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 март, сешанбе, 61-умин рӯзи соли 2021 аст
2 марти соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.
***
5 сол пеш, 2 марти соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли гузашта Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерриш ба муносибати 25-солагии узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ман аз дастгирии Ҳукумати шумо аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипоси беандоза мекунам. Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст».
2 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
***
Дар Ливия – Рӯзи тахлия.
РӮЙДОДҲО:
2 марти соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
2 марти соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.
***
8 сол пеш, 2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо шуд.
***
2 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.
***
29 сол пеш, 2 марти соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.
***
2 марти соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи «Time» нашр шуд.