ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 март, шанбе, 79-умин рӯзи соли 2021 аст
20 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.
***
7 сол пеш, 20 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо намояндагони сершумори аҳли зиёи ҷумҳурӣ мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Симпозиуми байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор гардид.
20 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи зиёиёни эҷодкор.
***
Дар Тоҷикистон – Рӯзи фарҳанг.
***
Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ.
***
Рӯзи байналмилалии астрология.
***
Рӯзи забони франсузӣ (СММ)
***
Рӯзи байналмилалии франкофония.
***
Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт.
РӮЙДОДҲО:
20 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе бинои нави «Vefa Center» ифтитоҳ гардид.
***
20 марти соли 2014 сомонаи интернетии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври нав фаъол карда шуд.
***
167 сол муқаддам, 20 марти соли 1854 дар ИМА ҳизби ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.
***
20 марти соли 1917 фаъолияти Конститутсияи Финляндия барқарор карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1956 Тунис соҳибистиқлол шуд.
***
20 марти соли 1992 Ҷумҳурии Ингушистон соҳибистиқлол гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2012 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон албоми суратҳои «Наврӯз – ҷашни куҳан ва ҷавон» нашр шуд.