ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 март, душанбе, 81-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 22, 2021 08:00

22 марти соли 2014 дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

4 сол пеш, 22 марти соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии махсус  таҳти унвони «Фаъолияти афзалиятнок оид ба захираҳои об ва офатҳои табиӣ дар даҳсолаи оянда», ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид  дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардида буд,  баромад кард.

***

Дар ин рӯзи соли гузашта дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани санад оид ба тасвиб гардидани Созишномаи Париж роҷеъ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид.

 22 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии захираҳои об.

***

Рӯзи байналмилалии таксирон.

***

Дар Лаос – Рӯзи Ҳизби халқӣ.

РӮЙДОДҲО:

22 марти соли 2016 дар қароргоҳи  Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин дар вазъияти тантанавӣ маросими расмии баимзорасии Созишнома дар бораи  ба Непал додани мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ баргузор гардид.

***

22 марти соли 1876 Конститутсияи Испания қабул гардид.

***

139 сол пеш аз ин, 22 марти соли 1882 Конгресси ИМА бисёрникоҳиро манъ кард.

***

22 марти соли 1989 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати ҳамлу нақли партовҳои хатарноки истеҳсолот дар қаламрави давлатҳои гуногун ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1994 дар Брюссел Протокол оид ба асоси ҳамкории Россия ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар доираи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» ба имзо расид.

***

22 марти соли 1951 аввалин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  Студияи марказии телевизионӣ таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1934  аввалин шумораи рӯзномаи «Коргарони Хуҷанд» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») нашр шуд.

***

Соли 1922 дар шаҳри Новониколаевка (ҳоло Новосибирск) аввалин шумораи маҷаллаи «Сибирские огни» аз чоп баромад.

Март 22, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст