ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 март, сешанбе, 82-умин рӯзи соли 2021 аст
23 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баромада, ҳамагонро ба иҷрои оини наврӯзии поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию сабзазоркунии атроф даъват намуданд.
***
7 сол пеш, 23 марти соли 2014 дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар паҳлӯи қасри фарҳангии Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
23 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии метеорологҳо.
***
Рӯзи Покистон – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
***
Дар Боливия – Рӯзи баҳр.
РӮЙДОДҲО:
23 марти соли 2014 дар Осорхонаи этнологии Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Казоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва Туркия тантанаҳои наврӯзӣ баргузор намуданд.
***
23 марти соли 2016 дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар вазъияти тантанавӣ аз рӯйи муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта шуд.
***
215 сол муқаддам, 23 марти соли 1806 дар Англия ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1841 дар Лондон аввалин маротиба дар Аврупо озмоишгоҳи суратҳо кушода шуд.
***
23 марти соли 1999 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хабар дод, ки сатҳи бемории сил дар ҷаҳон ба нуқтаи назари интиқодӣ расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1837 дар Канада ба аҳолии сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.
***
Соли 1891 аввалин маротиба дар дарвозаи футбол тӯр истифода бурда шуд.