ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 март, чоршанбе, 90-умин рӯзи соли 2021аст
31 марти соли 2009 Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 тасдиқ карда шуд.
***
9 сол пеш, 31 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи вақти Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷеймс Маттис масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни якчанд намуд рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуданд.
31 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Малта – Рӯзи озодӣ.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи генотсиди (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динии) озарбойҷониҳо.
РӮЙДОДҲО:
31 марти соли 1975 Корхонаи алюминии тоҷик (ТадАЗ) – калонтарин корхонаи истеҳсолии металлҳои ранга дар Осиёи Марказӣ сохта шуд.
***
31 марти соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфонси байналмилалии илмӣ-амалии «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СҲШ: вазъи вақт ва дурнамо» баргузор гардид.
***
6 сол пеш, 31 марти соли 2015 Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 қабул карда шуд.
***
31 марти соли гузашта дар шаҳри Душанбе вохӯрии минтақавии роҳбарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.
***
107 сол муқаддам, 31 марти соли 1914 Федератсияи футболи Португалия таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1991 дар раъйпурсии Гурҷистон 90 фоизи аҳолӣ барои соҳибистиқлолии мамлакат овоз доданд.
***
31 марти соли 1994 ИДМ дар СММ мақоми нозир ба даст овард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд аввалин Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба самбо баргузор гардид. Дар он самбочиёни тоҷик аз 9 медали тилло 6-тояшро соҳиб гардида, беҳтарин ҳисобида шуданд.
***
Соли 1991 дар Албания аввалин маротиба интихоботи бисёрҳизбӣ баргузор гардид.