ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 март, ҷумъа, 64-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 5, 2021 08:00

5 марти соли 2012  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Федератсияи Россия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, ӯро бо пирӯзии эътимодбахш дар интихоботи Президенти Федератсияи Россия, ки 4 марти соли 2012 баргузор гардид, сидқан ва самимона табрику таҳният гуфтанд.

 ***

6 сол пеш, 5 марти соли 2015 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси    Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум» нашр шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуд.

5 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Озарбойҷон – Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.

 РӮЙДОДҲО:

5 марти соли 2007 филми коргардони тоҷик Ҷамшед Усмонов «Барои он, ки ба ҷаннат дароӣ, бояд бимирӣ» дар озмуни «Берун аз сарҳади Аврупо» Гран-при ба даст овард.

***

5 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ- тиҷоратӣ баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 5 марти соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Комиссия оид ба фаъолияти мусофирбарии Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

***

5 феврали соли 2018 дар Тоҷикистон Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймои англисии Boeing 707 дар Япония зиёда аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

5 марти соли  1970 шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ ба ҳукми амал даромад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо мақсади рушди муносибот миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария чаласаи аввалини комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ- иқтисодӣ баргузор гардид.

Март 5, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш