ТАМОМИ ЧИПТАҲО ФУРӮХТА ШУДАНД. Наврӯз — 2021 дар Москва бошукӯҳ таҷлил мегардад

Март 16, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва ҷиҳати баргузор намудани тантанаи бузург ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагӣ  мегиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik».

Ҷашни баҳорро ҷамъияти фарҳангии тоҷикон «Нур» баргузор ва тамошобинонро бо барномаи ғании фарҳангӣ, либосҳои пурҷило ва таомҳои миллӣ шод хоҳад кард.

Соли гузашта бо сабаби пандемияи COVID-19 Наврӯзи бузург дар Москва баргузор нашуд ва барои ҳамин имсол онро ба таври  хос  баргузор хоҳанд кард, хабар медиҳад агентии иттилоотии Россия.

Аз саҳари барвақти 21 март мусобиқаҳои волейбол, тенниси рӯи миз ва гӯштин дар зери боми толор шурӯъ мешаванд. Албатта, рақобатҳо ҳаяҷонбахш хоҳанд буд, аммо қисми муҳимтарини Наврӯзи Москваро ташкил нахоҳанд кард.

Дар доираи ҷашни баҳор намоиши таомҳои миллӣ, сару либос, тарзи зист, намоиши либосҳои суннатӣ ва консерти калон баргузор мешаванд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, дар ин ҷо зӯрозмоии дигари гастрономии «тухмҷанг», ки мушобеҳи анъанаи пасха мебошад, барои шикастани тухмҳои дар об пухташудаи мурғ низ баргузор хоҳад шуд.

«Мо мехоҳем Наврӯзро ба тарзи суннати тоҷикӣ — бо суруду рақс ва таомҳои миллӣ ташкил кунем. То ҳамин андоза ҳаяҷоновар, ки бо ҳамроҳи аҳли оила  ба ин ҷо омада, эҳсос намоӣ, ки дар Тоҷикистон  ҳастӣ  ва ҳатто пай набарӣ, ки чӣ гуна тамоми рӯзро дар ин ҷо гузаронидӣ», — мегӯяд роҳбари ҶФТ «Нур» Карамшо Мамаднасимов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи чиптаҳо аллакай фурӯхта шудаанд. Барои пешгирӣ аз  издиҳоми зиёди одамон дар толор ногузир аз ин чора истифода шуд.

Чорабинӣ аз соати 10:00 то 20:30 ба вақти Москва сурат хоҳад гирифт.

                                           АКСИ:  © Sputnik / Максим Богодвид

Март 16, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд