Тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ бо баргузории маҳфил барои хонандагони маъюб оғоз шуданд

Март 16, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои хонандагони имконияташон маҳдуд барномаи фарҳангӣ доир намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор иттилоъ дод.

-Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он ҷашни хурсандии хурду бузург, яъне тамоми мардум мебошад, дар кишвари мо ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардида, ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст. Ин нуктаро  муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода зимни суханронӣ дар ин маҳфил изҳор дошт.

Зикр гардид, ки мардуми тоҷик – марду зан, пиру ҷавон, ҳама ин ҷашнро интизорӣ мекашанд, барои истиқболи арзандаи он омодагӣ мегиранд, расму ойинҳои наврӯзиро бо хурсандиву хушҳолии зиёд ва дастҷамъона ба ҷо оварда, беҳтарин нияту орзуҳои худро ба Наврӯз, ки Соли нави аҷдодиамон мебошад, пайванд медиҳанд.

Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки «ҷашни Наврӯз бо анъанаву одатҳои худ миёни мардуми тоҷик хеле маъруф аст. Аз ҷумлаи суннатҳои неки ин ҷашн- аёдати шахсони барҷомонда ва имконияташон маҳдуд мебошад, ки дар мисоли тантанаи имрӯзаи мо  роҳандозӣ гардидааст».

Баъд аз суханронии масъулин қисмати фарҳангии барнома идома ёфт, ки дар он сарояндаи шинохтаи кишвар Тобиш Ҳилолӣ, Париноз Акназарова, Алимуҳаммад Фақиров,  Матлуба Раҳимова ва аъзои фаъоли шуъба  бо сурудҳои тозаэҷоди баҳорӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар фарҷом ба иштирокчиён аз ҷониби Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Март 16, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд