Татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон» натиҷагирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷамъбасти лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.
Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев, менеҷери лоиҳаҳои тандурустии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муаззама Ҷамолова ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбари шуъбаи дастгирии системаи тандурустии Маркази Швейтсария оид ба тандурустии байналмилалӣ Ҳелен Притерх иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зикр намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ якчанд корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки саҳми шарикони рушд дар татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 хеле назаррас мебошад.
Гуфта шуд, ки Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва институтҳои дахлдори он дар системаи тандурустии кишвар аз соли 2003 лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (лоиҳаи Сино)-ро амалӣ намуданд, ки он дар рушди соҳаи тандурустии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-марҳилаи баромад» (лоиҳаи Сино) моҳи апрели соли 2017 оғоз ёфта, моҳи марти соли 2021 ба анҷом мерасад. Фаъолияти ин лоиҳа дар ин марҳила дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Конибодом бо муваффақият амалӣ гардидааст.
Таъкид гардид, ки Лоиҳаи мазкур дар ҳамаи марҳилаи анҷомшуда дар ҳамкорӣ бо вазорат ва институтҳои дахлдори он, инчунин бо иштироки бевоситаи сохторҳои дахлдори ноҳияҳои таҷрибавӣ дар рушди соҳаи афзалиятноки тандурустии кишвар, ки ин хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, саҳм гузоштааст.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






