ТАВАҶҶУҲ! Бар асари бориши зиёд дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши сангу рег зиёд аст
ДУШАНБЕ, 27.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири моҳи март дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст, шамол аз самти ғарб бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. 29 март то 8-10 дараҷа поин рафтани ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Бар асари бориши зиёд таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, хусусан дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши сангу рег зиёд аст. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони сел дар назар аст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, мошинҳои худро ба сафар пешакӣ омода кунанд. То ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор ё моҳидорӣ худдорӣ варзанд.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои хатарнок ба телефонҳои боварии 112, 93 880 28 19 ва 223 13 11 занг зананд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд






