«ТИМСОЛИ ҶОВИДОНАИ МУҲАББАТ». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар тарабхонаи «Яккасарой»-и пойтахт таҳти унвони «Тимсоли ҷовидонаи муҳаббат» бо иштироки занони фаъол ва бонувони собиқадори меҳнати ҷумҳурӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок доштанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, паёми шодбошии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ ба иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ расонид.
«Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлолияти давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем», — чунин иқтибос овард муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён аз яке суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо занони фаъоли мамлакат.
Сипас Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки «давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд».
«Ҳатто имрӯз дар соҳаҳое занон фаъолияти назаррас доранд, ки то замони Истиқлолияти давлатӣ онҳоро касбҳои мардона меномиданд»,-афзуд номбурда.
Дар ҳамоиши идона собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мояи ифтихор аст, ки имрӯз мақому мартабаи занони тоҷик дар ҷомеа боло меравад ва теъдоди онҳо дар тамоми соҳаҳо меафзояд.
Сипас ба модарони ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва варзишгароне, ки бо дастоварҳои хеш нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд «Ифтихорнома» ва «Сипрснома»-ҳо тақдим гардид.
Ҷамъомади идона бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ аз ҷониби устодони санъати тоҷик ба анҷом расид.













Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт






