То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб 873 иншоот таъмиру барқарор ва бунёд мешаванд

Март 16, 2021 11:57

КӮЛОБ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди 873 иншооти  таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб  корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаҳои шаҳр биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд гардида истодаанд.

Тавре сармуҳандиси сохтмон Сафаралӣ Мирзоев ба мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома  дошта, сохтмончиён бо масолеҳи зарурӣ таъмин мебошанд. Аксари иншооти бунёдшаванда аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, то имрӯз 60 фоизи корҳои нақшавӣ ба анҷом расидаанд.

Баробари ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ ва таъмиру барқарорсозии иншооти маданию маишӣ то ҷашни 30- солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳру деҳоти Кӯлоб ба куллӣ тағйир ёфта, даҳҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешаванд.

Сокинони шаҳри Кӯлоб мақсад доранд бо анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷашни бузурги миллиро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд.

Март 16, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд