Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки то соли 2023 содироти сементро ба 1,9 млн тонна расонад
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки то соли 2023 содироти сементро ба 1,9 млн тонна расонад. Тавре дар дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 қайд карда шудааст, афзоиши солонаи содироти семент дар ҳаҷми 200 ҳазор тонна пешбинӣ гардидааст. То он замон ба нақша гирифта шудааст, ки афзоиши ҳаҷми тавлиди ин масолеҳи сохтмонӣ ба 5,3 млн тонна расонида шавад, хабар медиҳад агентии «Авесто».
Дар бахши саноати кишвар ҳар сол миқдори иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли семент афзоиш меёбад. Аммо, дар баробари афзоиши истеҳсолот талаботи дохилӣ ба ин маводи сохтмонӣ низ зиёд мешавад. Тамоми талаботи дохилӣ ба семент, ба истиснои сементи ранга (ҳаҷми талабот ба он кам аст), аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ қонеъ карда мешавад. Дар айни замон 16 корхона ба истеҳсоли семент машғул мебошанд ва иқтидори солонаи онҳо 5,6 млн тоннаро ташкил медиҳад.
Соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 4,2 млн тонна семент истеҳсол шуда буд. Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда беш аз 1,3 млн тонна ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст.
Харидорони асосии сементи Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошанд. 764 ҳазор тонна семент ба Ӯзбекистон фурӯхта шуда, ҳаҷми содирот ба Афғонистон 505 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ба Қирғизистон 42 ҳазор тонна семент содир шудааст.
АКС аз манбаъҳои озод








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






