Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз ваксинаи AstraZeneca даст накашад
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон аз ваксинаи AstraZeneca даст нахоҳад кашид. Дар ин хусус дирӯз муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Самариддин Ализода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз он ки аз аввали сол дар Тоҷикистон коронавирус вуҷуд надорад, корҳои профилактикӣ ва лабораторӣ дар ин самт қатъ нашудаанд. Вазорати тандурустӣ назорати вазъи эпидемиологиро дар кишвар идома медиҳад. Дар айни замон, дар мавриди ташаккули масунияти дастаҷамъӣ таҳқиқот гузаронида мешавад. Ализода афзуд, ки пас аз он тамоми натиҷаи корҳо ба оммаи васеъ пешниҳод карда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба фикри олимон, масунияти дастаҷамъӣ нисбат ба коронавирус ба шарти дар вуҷуди 70% аҳолӣ мавҷуд будани подзаҳрҳо ба вуҷуд меояд.
Ба гуфтаи муовини вазир, ҳоло Тоҷикистон барои эмгузаронӣ омодагӣ мегирад ва Вазорати тандурустӣ барои ин комиссияи махсус таъсис додааст, ки фаъолияти он пас аз оғози расмии эмгузаронӣ оғоз хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон Барномаи миллии эмгузаронии аҳолӣ алайҳи сирояти коронавирус қабул шудааст.
Дар доираи ин барнома назорати ҳар як шахси эмшуда пешбинӣ шудааст. Тамоми ҳолатҳои таъсироти манфиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳлили минбаъда сабт хоҳад кард.
«Мо тайёрӣ мебинем ва тамоми чорабиниҳоро барои эмгузаронӣ татбиқ мекунем. Инчунин мо ҳама чизеро, ки дар атрофи ин ваксина рух медиҳад, назорат мекунем”, — зикр кард муовини Вазири тандурустӣ.
Вазорати тандурустӣ ҷараёни маъракаи эмгузаронии AstraZeneca-ро дар ҷаҳон, ки боиси нигаронии мутахассисони кишварҳои гуногун шудааст, назорат мекунад.
Сарфи назар аз он ки баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эмгузаронии AstraZeneca -ро қатъ карданд, Ализода зикр кард, ки ҷумҳурӣ аз ин дору даст намекашад.
Илова бар ин, муовини вазир гуфт, ки доруи воридшудаи Оксфорд / AstraZeneca дар Пажӯҳишгоҳи хуноби Ҳиндустон истеҳсол карда мешавад ва он қобили эътимоди калон аст.
Тавре қаблан хабар дода будем, дар доираи барномаи COVAX 8 март аз Ҳиндустон ба Душанбе 192,000 вояи ваксинаи COVISHIELD алайҳи COVID-19 ворид шуда буд. Ин ваксинаи Оксфорд-AstraZeneca аст, аммо дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад ва СУТ онро бо номи рамзии CoviShild сабт намудааст.
Ба гуфтаи Ализода, дар доираи барномаи COVAX эмгузаронии 20% аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Маҷмӯан, тибқи ин барнома ба Тоҷикистон 624 000 вояи ваксина ворид хоҳад шуд.
Дар робита ба CoviShield, муовини вазир итминон дод, ки Пажӯҳишгоҳи хуноби Ҳиндустон худро ҳамчун як муассисаи касбӣ нишон додааст ва ваксинаҳои босифат истеҳсол мекунад.
«Дар тӯли солҳои охир мо ваксинаҳои зидди полиомиелит, сурхча ва ғайраро маҳз аз Пажӯҳишгоҳи хуноби Ҳиндустон ба даст меоварем. Дар ин муддат мо ягон таъсири манфӣ ва ҷиддии ваксинаҳоро мушоҳида накардаем. Пажӯҳишгоҳи хуноби Ҳиндустон, ки ваксинаи COVISHIELD дар он истеҳсол шудааст, клиникаи дорои шаҳодатномаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошад”, -зикр кард муовини вазир.
Ализода илова намуд, ки Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки дар Аврупо истеҳсол мешавад, истифода мебарад ва кишварҳои дигарро Ҳиндустон таъмин мекунад. Асосан инҳо Украина, Молдова мебошанд ва дирӯз Ӯзбекистон низ онро дастрас намуд.
Дар робита ба сабти ваксина дар қаламрави ҷумҳурӣ муовини вазир гуфт, ки AstraZeneca аллакай дар Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ҳоло дар самти сабти ном намудани ваксинаҳои “Sputnik” -и Россия ва ваксинаи чинии “CoronaVac” корҳо идома доранд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»






