БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?

Октябрь 29, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст) дониста мешавад. Псориаз аз ҷумлаи бемориҳои маъмули пӯст мебошад, ки бештар дар 10 – 25-солагӣ пайдо шуда, дар кӯдакони 4 – 7-моҳа ва пирони 80 – 82-сола низ вомехӯрад. Доир ба омилҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ табиби бемориҳои пӯст, проффесор Маҳмадалӣ Дустмуродов чунин ибрози андеша намуд:

— Бо пешрафти илму техника дар Тоҷикистон табобати ин беморӣ низ осон гардидааст. Ҳарчанде, ки ин бемориро табобатнашаванда мегӯянд, аммо баъзе аз намуди онро бо истифода аз техлологияҳои муосиртарини тиб дар мамлакат табобат менамоем. Инчунин имкониятҳо барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар муассисаҳои тиббии мамлакат мавҷуд мебошад.

Псориаз ё садафак яке аз бемориҳои пӯст буда, дар ҷаҳон паҳн шудааст. Сабаби пайдошавии он то ҳанӯз номаълум буда, асосан фарзияи аз волидон гузаштани ин беморӣ то 40 фоиз мушоҳида ва муайян шудааст.

Инчунин ба пайдоиши псориаз ихтилоли фаъолияти асабу узвҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳо (хусусан мубодилаи чарб ва карбогидратҳо), холетсистит, аднексит ва ғайра мусоидат мекунанд. Дар байни кӯдакон бештар духтарчаҳо, дар байни калонсолон, асосан мардҳо (60 – 65 фоиз) гирифтор мешаванд. Он шаклҳои гуногун дорад: нуқтамонанд, наскмонанд, тангамонанд, лихенойидӣ, озахмонанд, ҳалқамонанд, ҷуғрофӣ ва сабӯсакмонанд.

Псориаз бештар дар ҷои қадшавии даст ё по, сатҳи бадан ва ҷойҳои мӯйдори бадан бо нишонаи гиреҳчаи майдаи гулобӣ ё сурхранг пайдо мешавад. Сипас он доначаҳо тадриҷан афзуда, якҷоя мешаванд ва пулакчаҳои андозаашон гуногунро ҳосил мекунанд. Дар мавриди дуру дароз боқӣ мондан, пулакчаҳо ғафс гашта, табобати беморӣ душвор мешавад.

Ин нишонаҳои псориаз дар банду буғумҳо ҳам таъсир мерасонанд. Инчунин ба пушти нохунҳо низ осеб расонада, нохун тираю ғафс ва ба чанголи парранда монанд мешавад.

Ба гуфтаи табибони бемори пӯст, ҳангоми табобат накардан ва ё сӯиистеъмоли машруботи спиртдор, риоя накардани парҳез, организмро заиф намуда, омили пайдошави дигар оризаҳо мегардад.

Нафароне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, бояд истеъмоли равғани ҳайвонот ва карбогидратҳо, қанд, картошка, нони сафедро кам намоянд. Барои онҳо истеъмоли равғани растанӣ, творог, маҳсулоте, ки миқдори зиёди витаминҳои А, гурӯҳи В, С доранд, муфид мебошад. Инчунин дар табобати ин беморӣ, иқлими гарм, хусусан соҳили баҳр, ки кас дар он ҷо аз нури офтоб баҳра мебарад ва оббозию истироҳат мекунад, натиҷаи хуб мебахшад.

Барои гирифтор нашудан ба ин намуди беморӣ табибон тавсия медиҳанд, ки ҳар шахс бояд гигиенаро риоя намуда, аз хӯрдани хӯрокҳои зараровар, ба мисли тезтайёр худдорӣ намуда, масунияти баданро муътадил нигоҳ дорад. Инчунин омили пайдошавӣ ва авҷ гирифтани он бемориҳои асаб ва эндокринӣ низ мебошанд. Нафароне, ки дар пӯсти баданашон псориаз дорад, дар як сол ду маротиба аз табибони асабу эндокринӣ гузаранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 29, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад