Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз як соли қатъи парвозҳои ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе-Кобул барқарор гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки 10 марти соли равон баъд аз як соли таваққуф аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Афғонистон «KamAir» дар масири Душанбе-Кобул парвози мунтазами ҳавоӣ ба роҳ монда шуд, ки он бозгӯи вазъи муътадили эпидемикӣ дар кишвар мебошад.
Ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳолест, ки чанде қабл дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд, аз ҷумла, «Kam Air»-и Афғонистон вохӯрӣ доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ матраҳ шуд.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






