Тоҷикистон ва Беларус ба ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тақвият мебахшанд

Март 16, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Беларус оид ба масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки ба таври маҷозӣ доир гардид, таҳкими ҳамкории ду кишвар дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ матраҳ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Беларус масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, мубодилаи рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои солҳои 2021 ва 2022 ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо дахли мубодилаи маълумот оид ба нишондиҳандаҳои омории боркашонӣ дар соли 2020 ва 2 моҳи имсол зикр гардид, ки минбаъд ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва содагардонии раванди ҳамлу нақли бор корҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

 

Март 16, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид