Тоҷикистон ва Чин барои кушодани гузаргоҳи «Кулма» тадбирҳои муштарак меандешанд
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин барои кушодани гузаргоҳи марзии «Кулма» тадбирҳои муштарак меандешанд. Ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Гурӯҳи кории муштараки ду кишвар, ки 9 март тариқи онлайн баргузор шуд, қарор дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва ҳайати Чинро муовини якуми раиси Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур Чжан Чунлин роҳбарӣ карданд. Дар ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи амнияти озуқаворӣ низ ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои ҳарчи зудтар аз сар гирифтани кори ягона гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва Чин тадбирҳои муштарак андешанд.
Аз ҷумла, пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани арзиши боркунию борфарорӣ дар гузаргоҳ ва бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ аз ҷониби ҳайати Чин пазируфта шуданд.
18 феврал муовини аввали раиси Хадамоти гумрук Азим Турсунзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки «дар гузаргоҳи «Кулма» беш аз 260 мошини боркаши вазнин бо молҳои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд».
Ёдовар мешавем, ки Чин яке аз се таъминкунандаи аслии мол ба Тоҷикистон буда, аз рӯи ин нишондиҳанда баъд аз Россия ва Қазоқистон қарор дорад. Соли 2020 ба қаламрави Тоҷикистон молҳои чинӣ ба маблағи тақрибан 440 миллион доллар ворид карда шуданд.
Ҳаҷми умумии гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин соли 2020 нисбат ба соли 2019 тақрибан 20% коҳиш ёфт.
Тоҷикистон асосан аз Чин маҳсулоти ғайриозуқаворӣ аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳои мошин, либос, техника ва таҷҳизоти гуногун ва ғайра ворид мекунад. Баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ низ оварда мешаванд.
АКСҲО аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ









Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






