Тоҷикистон ва Ҳиндустон рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Душанбе вохӯрии дуҷониба байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳавасмандии худро бобати тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар ин росто, ҷонибҳо аҳамияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва мудофиаро таъкид карданд.
Ҷонибҳо дар мавриди мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ омодагии худро изҳор карданд.
Зимнан таъкид гардид, ки баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, ҷиҳати пешбурди раванди сулҳ, ҳалли қазияи Афғонистон ва тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ширкаткунандаи Раванд мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин
аз натиҷаи вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






