Тоҷикистон ва Озарбойҷон ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва бозомӯзии мутахассисонро ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ медиҳад, ки ҳамчун иқдоми аввал дар самти тақвияти ҳамкорӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мизи мудаввари маҷозӣ бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардад.
Мусоҳибон доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имконияти сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугуи судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот инчунин тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории тарафҳоро муҳим арзёбӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.








Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид






