Тоҷикистон — вожаест, ки дар наво ва садояш накҳати ҳазорон гулу гиёҳ, покию таровати обҳои зулолро дорад,-бардошт аз маҳфили «Ширу шакар»-и Камол Насрулло
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миллате, ки истиқлоли давлатӣ дорад, фурӯғи субҳи доноӣ ва фурӯғи маърифат дорад, миллате ки Пешвояш мегӯяд: «Ман шоиронро дӯст медорам», миллате ки беҳтарин дастоварди таърихиаш китоб аст ва миллате ки китобро мисли як тӯмори балогардон дар зери болини кӯдакон мегузорад ва миллате ки модари бузургвораш нобиғагони оламшумул ба дунё додааст, шоистаи ҳама хуҷастагиҳову фархундагиҳо мебошад. Чунин иброз дошт Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Камол Насрулло зимни маҳфили идонаи «Ширу шакар», ки 15 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.
Дар ин маҳфили идона, ки ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, шоирону нависандагон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстдорони каломи бадеъ, сарояндагон, оҳангсозон, устодони санъат ва чеҳраҳои нави саҳнаи ҳунар ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зимни ифтитоҳи маҳфил иброз дошт, ки «дар ҳошияи ҷашни Наврӯзи Аҷам бо таҳрики бевоситаи Пешвои миллат ва фаъолияти ниҳодҳои марбута имсол як силсила барномаҳо ба нақша гирифта шуда, аксари онҳо пешниҳоди дӯстдорони шеъру суруд гардонида шуданд. Ҳамоиши имрӯза давоми ҳамон силсилабарномаҳои наврӯзӣ буда, мо ҳоло бо ашъори тозаи наврӯзии Шоири халқии Тоҷикистон устод Камол Насрулло шинос мегардем».
Камол Насрулло аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат сипосгузорӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин маҳфили шеъру суруд дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ- тарғибу ташвиқи дастовардҳои Ватани маҳбуб, ифтихор аз Тоҷикистон ва мероси пурғановати ниёгон маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин Камол Насрулло бо ашъори тозаэҷод хотири иштирокчиёнро болида гардонида, иброз дошт, ки вожаи муқаддас- Тоҷикистонро бисёр дӯст медорад. Зеро ин вожаест, ки дар наво ва садояш накҳати ҳазорон гулу гиёҳ, покию таровати обҳои зулол ва хониши дилангези булбулонро дорад.
-Вақте мо Тоҷикистон мегӯем, неру мегирем, мешукуфем. Ин вожа воқеан вожаест, ки дар садояш ҳама он зебоиҳои олам таҷассум меёбанд, -афзуд шоир.
Дар маҳфили эҷодии Камол Насрулло, ки толори Филармония пур аз ҳаводорони шеъри ноби устод буд, ҳунармандону устодони санъати тоҷик- Хосияти Зарафшонӣ, Алишер Қаноатов, Чилахон Холов, Бахтиёр Иброҳимов, Ортиқи Қодир ва дигарон аз ашъори шоир шеъру таронаҳо суруданд.
Бояд гуфт, ки маҳфили мазкур бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ба баланд бардоштани завқу салиқаи мухлисони сершумор мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили идонаи «Ширу шакар» 5 март оғоз шуда, то 20 март бо ибтикори Иттифоқи нависандагон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон идома меёбад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»















НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш 90 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
«ОФТОБ ДАР ХУРРАМЗАМИН». Таҳти чунин унвон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби нав ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 40 бинои баландошёна ба истифода дода мешавад
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд






