То соли 2025 Ҳисор ба шаҳри муосиру замонавӣ, устувору инноватсионӣ ва сайёҳӣ табдил меёбад

Март 18, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» Ҳисор  соли 2025 ба шаҳри муосиру замонавӣ, устувору инноватсионӣ,  маркази муҳими рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, дурдонаи ҷолиби соҳаи сайёҳӣ ва «Роҳи абрешим», ки дар он ҳамаи шароити замонавии иҷтимоӣ, тиҷорат, савдову хизматрасониҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, боиси некӯавҳолии аҳолӣ мегардад, табдил хоҳад гардид. Чунин зикр шуд зимни муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025», ки дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор доир гардид. 

«Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва   савдои шаҳри Ҳисор омода гардида, аз сӯи коршиноси Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд. Дар шаҳри Ҳисор тибқи  Барнома то соли 2025 дар бахшҳои иқтисодиёт 305 лоиҳа, иҷтимоиёт 250 лоиҳа, инфрасохтор, ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист 83 ва дар идоракунии раванди татбиқи Барномаи рушди шаҳри Ҳисор 16 лоиҳа, дар умум 654 лоиҳа ба маблағи умумии 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ амалӣ мегарданд.

«Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2025» вазъи кунунии иқтисодӣ, таҳлили мушкилот, стратегия, ҳадаф ва вазифаҳои барномавиро дар бар гирифта, заминаҳои ҳуқуқӣ ва стратегии онро шарҳ медиҳад. Ҳадафи дарозмуҳлати Барнома баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ маҳсуб мешавад.

Дар барнома дар бораи вазъи кунунии иқтисодии шаҳр маълумоти фаровон гирд оварда, дар ин самт оид ба вазъи соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, сохтмон ва дастрасӣ ба манзил, рушди соҳаи сайёҳӣ, дар самти иҷтимоӣ дар бораи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат, кор бо ҷавонон фарҳанг ва варзиш, инчунин дар бахши инфрасохтор соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва оби нӯшокӣ, таъмин бо барқ, нигоҳдории роҳ ва нақлиёт, дар бахши бехатарии муҳити зист мушкилот ва вазифаҳои барномавӣ нишон дода шудаанд.

Март 18, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд