Туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияҳои Рашт ва Нуробод тақдим гардид

Март 31, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Нуробод китоби «Тоҷикон»–и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи ноҳияҳои мазкур ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд тақдим гардид.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»–и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп гардида,  то ҷашни 30-солагии Истиқлоли  давлатӣ аз номи Сарвари давлат  ба ҳар оилаи мамлакат  тақдим карда мешавад. Инак ин туҳфаи бебаҳо ба дасти сокинони ноҳияҳои Рашт ва Нуробод расид.

Ба гуфти масъулини ноҳияҳои зикргардида, ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллат дар ҳузури раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар оила  тақдим гардида, сокинон онро ҳамчун  туҳфаи гаронарзиш, сарчашмаи донишу  хирад ва манбаи беназири худшиносӣ баҳри наслҳои имрӯзу фардо  қабул намуданд.

Зеро китоби «Тоҷикон» аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯз ҳикоят карда, роҳи ояндаро мунаввар месозад. Таърихи худро надониста, ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки дар шароити кунунии ҳассоси бархӯрди тамаддунҳо, ҷаҳонишавии бемайлон ва баҳамоии омилҳои нави геополитикӣ хондану донистани таърих, фарҳанг ва тамаддуни аҷдодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Март 31, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид